(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣТибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар таътили зимистона хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба маҳфилҳои ҳунаромӯзии маркази таҳсилоти иловагии  шаҳр ҷалб карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар маркази таҳсилоти иловагии  шаҳри Хуҷанд 4 номгӯи маҳфилҳои рӯзгордорӣ фаъолона амал мекунад. Аз ҷумла дар маҳфили «Қаннодӣ» , ки дар он  188 нафар аъзоёни маҳфил  хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, оид ба тарзу василаи пухтани шириниҳо машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

Аъзои маҳфил дар пухтани анвои гуногуни нон ва таъомҳои миллӣ мили низ ҳунари хешро сайқал мебахшанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагии  шаҳри Хуҷанд мунтазам аз ҷониби аъзои маҳфилҳо  якчанд чорабиниҳо ба монанди озмуни «Кадбонуи беҳтарин», «Канӣ духтарҳо» ва соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Касби ман-ифтихори ман», «Муаллим-касби пурифтихор», «Кишвари азизи ман» ва машщулиятҳои дигари намунавӣ гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд