(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хоинони миллат ба мақсадҳои ғаразонаи худ намерасандМаъмурият ва аҳли коллективи меҳнатии Маркази саломатии шаҳрии № 5 шаҳри Хуҷанд фикру ақидаҳои иртиҷопараст ва ғаразонаи  ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ махсусан, ки роҳбари он Муҳиддин Кабирию дигар пайравонашон мебошад қатъиян маҳкум менамоем.
Имрӯзҳо пайравон ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ,  ки дар давлатҳои хориҷи кишвар  қарор доранд бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд вазъияти ороми кишвари азизамонро халадор намуда бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллат тоҷик низоъҳоро ба миён оранд.
Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд, ки мо гуфтаҳои худро бо ин ҳодиса тасдиқ менамоем. Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд ва хостанд рӯзҳои даҳшатовари солҳои 1992 ҷанги шаҳрвандиро такрор намоянд, лекин онҳо ба мақсадҳои ғаразонаи худ нарасиданд.
Хушбахтона 8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд,  мувофиқа намуда, ҲНИТ-ро дар қатори чунин  созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд.
Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.
Мо, маъмурият ва аҳли коллективи меҳнатии Маркази саломатии шаҳрии № 5 шаҳри Хуҷанд  сарҷамъомада бар зидди кирдорҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ бар зидди ғояҳои ифротгаронаи ҲНИТ муборизаи беамон бурда мубориза дар ҳимояи сохтори Конститусионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем ва ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкорӣ Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аылу тифоы, мутаҳҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиылол саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Маркази
саломатии шаҳрии №5-и шаҳри Хуҷанд