(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Мароми мо сулҳу субот ва оромию пешрафти кишвар астИзҳороти маркази саломатии №2 шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаолияти Ташкилоти Экстремистӣ-Терористии ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро.
Таърихи сулҳи тоҷиконро дар давраи басо ҳассоси таърихи, ки ба даҳсолаи охири асри ХХ рост меояд, тамоми мардуми сайёра беназир меҳисобанд. Дар марҳилае ки миллат зери хатари ҷанги хонумонсӯз ба вартаи нобудӣ расида буд ва кас аз ташкил шудани як давлати мустақлу обод дар хоки муқаддас бовару эътимодашро канда буд, таҷрибае пеш гирифта шуд ,ки ҳатто таърих мислашро ёд надорад.
Имрӯзхо ҳамоишхое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишвархои Аврупо баргузор мегардад, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводоронаш дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, ки, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад. Дастовардхо, музаффариятҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиклоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта  наметавонад.  Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати  бепоён  таҷлил гардидани 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат мехоҳанд мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеч гоҳ ба ин ниятҳо нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки Тоҷикистон имрӯз дар макоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз ҳар гуна қувваҳои бад ҳифз карда метавонад.
Кормандони МСШ №2 шаҳри Хуҷанд амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои бийналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гул-гулшукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ҷомеаи меҳнатии маркази
саломатии №2 шаҳри Хуҷанд