(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Даргузашти раиси маҳаллаи «Чорчароғ»

Субҳи имрӯз риштаи умри яке аз ашхоси фаъоли ҷамъиятӣ, раиси кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ»-и шаҳри Хуҷанд Абдусамеъ Нурматов канда шуд. Ба ин муносибат дар манзили зисти марҳум маросими видоъ сурат гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои арзандаи ин фарди барӯманд ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки «Умри бобаракати Абудсамеъ Нурматов бо маънои томаш харҷи хизмати холисона ба халқу Ватан гардида, бо фазилатҳои инсонию касбиашон миёни ҷомеа, бахусус байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр мақому манзалати хосае пайдо намуда буданд».
Бояд қайд намуд, ки марҳум Абдусамеъ Нурматов соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада,  соли 1984 техникуми савдои шаҳри Душанберо хатм намудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1974 аз вазифаи бофандаи корхонаи «Хуҷандатлас» оғоз карда, аз соли 1975 то соли 2003 дар вазифаҳои гуногуни Идораи савдои молҳои саноатии шаҳр адои вазифа намудааст. Аз моҳи феврали соли 2015  то дами марг вазифаи пурмасъули раиси кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ»-ро ба ӯҳда дошт.
Дар маросими видоъ ҳамчунин, раиси кумитаи маҳаллаи “Масҷиди Савр”  Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев, сокини маҳаллаи “Чорчароғ” Раҳимҷон Шерғозиев ва фарзанди марҳум Абдулатиф Нурматов аз фазилатҳои неки Абдусамеъ Нурматов ҳарф гуфтанд.
Таъкид шуд, ки  мавсуф зимни фаъолият ба ҳайси раиси маҳалла барои ободонӣ, тарбияи ҷавонон, некуаҳволии сокинони маҳалла саҳми арзандаи хешро гузоштанд, ки дар ин давра маҳалла ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашт. Абдусамеъ Нурматов ҳамчун шахси масъулиятшинос бо дониши васеъ, одоби ҳамидаи муошират ва муносибати хайрхоҳонаашон нисбати атрофиён ва ҳамкасбони хеш ҳамеша соҳиби обрӯю эътибори баланд буданд. Шахси соҳибмаърифат, ботамкин, қавиирода ва  дар вазифаҳои бар дӯшдошта ҳамеша пурмасъулиятӣ зоҳир буданд.
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳаддини шаҳри Хуҷанд бо ҳузури аҳли маҳалла ва наздикону пайвандон ҷанозаи марҳумро ироа намуд.

Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд