(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шарҳи Паём дар беморхонаи вилоятӣ

Вобаста ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, дар шаҳри Хуҷанд силсилавохӯриҳо бо намояндагони табақаҳои  гуногуни ҷомеа баргузор шуда истодааст.
Аз ҷумлаи чунин вохӯриҳо дар Беморхонаи клитникии вилояти Суғд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзишу иҷтимоиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва маърӯзачиёни вохӯриро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯъминҷон Шарифзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммадов иштирокдори вохӯрӣ буданд. Гулбаҳор Назирӣ зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки ҳамасола ироа гардидани Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва он сол то сол вусъати хоса ба худ касб мекунад. Паёмрасонии сарони кишварҳо таърихи кӯҳан дошта, аввалин Паёми Президентро Ҷорҷ Вашингтон ба намояндагони кишвари Иолоти муттаҳидаи Амрико расонида буд. Минбаъд ин таҷриба дар дигар кишварҳо низ паҳн гардид.
Вакили мардумӣ иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат аз сиёсати хориҷӣ оғоз гардида, дар он роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва сайёҳӣ сухан рафтааст. Махсусан роҷеъ ба тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Масъалаҳои беҳбудӣ бахшидан ба некӯаҳволии ҷомеа бо баланд кардани музди маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз аз санаи 1 сентябри соли 2018, ҳамчунин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова сухан карда, зикр намуд, ки сол аз сол ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат бештар мегардад. Пешвои миллат роҷеъ ба беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳарф зада, ҳамчунин аз як қатор мушкилоте, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Аз он ҷумла, доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ, ҷавобгӯ набудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва аз ин лиҳоз,  рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Саодат Аминҷонова гуфт, ки дар маҷмӯъ 3771 номгӯи дорувориҳои пастсифат ва 48295 адад таҷҳизоти тиббии мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва бидуни сертификат  боздошт шудаанд.
-Дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъ аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад, - гуфт Саодат Аминҷонова.
Вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати «дарҳои кушод», раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” нооромиву низоъҳо ректори ДДҲБСТ Мӯъминҷон Шарифзода, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шероз Пиров ва декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Шӯҳрат Кенҷаев маърӯза намуданд.
Дар охири мулоқот сардухтури Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Собир Собиров барои баргузории чунин мулоқот арзи сипос кард.

Мавзуна Ваҳҳобова,
«Тирози ҷаҳон»