(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паём: Нақши Тоҷикистон дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ хеле муассир мебошад

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шарҳи возеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони сохторҳои гуногуни шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, таъкид сохт, ки «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи фурсатҳои ҳузури соли нави милодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафҳои аслии фаъолияти ҷомеаи Тоҷикистонро барои боз як соли дигар муқаррар намуд. Шурӯъи Паём бо шарҳу тафсири вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва омилҳои хатарзо ба амнияти ҷомеаи инсонӣ гувоҳ бар он гардид, ки воқеан имрӯз нақши Тоҷикистон дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ, хоса таъмини амнияти минтақа вобаста ба иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат хеле муассир мебошад”.
Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки “Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  фарогирии тамоми соҳоти хоҷагии халқи кишвар ва бозгӯйи сиёсати дохиливу хориҷӣ буд. Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст”.
Дар Паёми навбати Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем.Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд”.
Сипас, ректори ДДҲБСТ Мӯъмин Шарифзода ва устоди донишгоҳи номбурда Ҷӯрабек Исомаддинов доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд,ки чунин вохӯрӣ дар МТҲУ №20-и шаҳри Хуҷанд низ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд