(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2017

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Дар давоми соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (335,8 млн. сомонӣ) 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2017

Бояд қайд намуд, ки доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 152,1 млн. сомонӣ буда, иҷроиш 146,0 млн. сомониро ташкил намудааст, ки баробари 96,0 фоизи нақша мебошад. Хароҷоти воқеии буҷети шаҳр дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 29,7 млн. сомонӣ, ё 25,5 дар сад зиёд шудааст. Аз қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ музди меҳнати корхонаву муассисаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт гардида, қарздории фонди музди меҳнат ва қафомонии пардохти он ба назар  намерасад”.
Вазъи соҳибкорӣ дар шаҳр нишон дод, ки теъдоди онҳо ба 9123 нафар расида, аз онҳо 6559 нафар бо патент ва 2564 нафар бо шаҳадатнома фаъолият дошта, дар соли 2017  1543 нафар бо патент ва 286 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти худро оғоз намуданд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2017 тамоюли барҳамхӯрии соҳибкорони  бо патент фаъолияткунанда  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 5,2 фоиз ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 77,0 фисад кам гардидааст. Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 1866 нафар, ё 20,5 фоизи онҳоро занҳо ташкил дода, 1459 нафар бо патент ва 407 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд. Дар шаҳр 66 намуд маьсулоти саноатц истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 45 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Аз тарафи 18 корхонаҳои саноатии шаҳр 322,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба 14 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳачми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 141,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Инчунин аз ҷониби 39 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 274,3 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 48,7 млн. сомонӣ, ё 21,6 фоиз зиёд мебошад.
Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2017Раъно Ҳошимзода гуфт, ки баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2360 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2269 нафарашон маълумоти олӣ, 37 нафар олии нопурра ва 54 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд. 253 нафар омӯзгорону мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда бошанд, ба ивази онҳо 305 омӯзгорон ва мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд. Мувофиқи нақшаи курси такмили ихтисос соли 2017 бояд 450 нафар омӯзгорон савияи дониши худро такмил медоданд ва то имрӯз 532 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки 161 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, хизмат расонида шуда, аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ ба ҳар яки онҳо дар як ҳафта ду маротиба хизмат расонида мешавад. Дар ин давра оид ба таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаи техникии тавонбахшӣ ва таъмини онҳо бо аробачаи маъюбӣ 24 нафар муроҷиат намуда, аз онҳо 22 нафарашон бо аробача таъмин карда шуданд. Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон аз буҷети маҳаллӣ  1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, самаранок истифода бурда шудааст. Шумораи маъюбоне, ки дар қайди расмӣ истодаанд, дар ин давра 5012 нафар, аз ҷумла 2150 нафар мардҳо ва 2862 нафар занонро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюби то 18-сола бошад, 546 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 331 нафар писар ва 215 нафар духтар мебошанд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2017 2716 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли гузашта 166 маърака зиёд мебошад. Аз ин шумора тӯи арӯсию домодӣ 1581 адад буда, нисбат ба соли гузашта 153 адад зиёд, хатнасур 859 адад буда, нисбат ба соли гузашта 16 адад зиёд, маъракаи чил 180 адад буда, нисбат ба соли гузашта 7 адад кам ва маъракаи сол 96 адад буда, нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд баргузор гардидааст.
Сипас, Усмон Олимзода, мудири шуъбаи иқтисод ва савдо, Мӯъмин Муҳаммадзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноат, Иброҳим Қаландаров, директори генералии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”, Илҳом Султонӣ, мудири шуъбаи маориф, Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва Мӯҳсин Миркамолов, мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ доир ба фаъолияти соҳаи хеш маълумот доданд.
Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2017Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз роҳбарони сохторҳои номбурда, роҷеъ ба  камбудиву муаммои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои фаъолият муҳлат ва дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар самти пешгирии пошхурии оилаҳо, зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳр, бартарафкунии офати табии рухдода, бештар намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо, чароғон ва мумфаршнамоии кӯчаҳои шаҳраки Сайҳун тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.
Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намоянд. Зикр гардид, ки шаҳри Хуҷанд бо назардошти маркази маъмурии вилояти Суғд буданаш бояд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят пешсаф бошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар фароварди маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои нишондоди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2017 ва вазифаҳое, ки барои соли 2017 муайян гаштанд, ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки роҳбарони соҳа баҳри фаъолияти густурда ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо истифода намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд