(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯй ба ватан рӯй ба имон аст!

Ман Илҳом Беков собиқ роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ будам. Инак, 3 сол мешавад, ки аз аъзогии имрӯза ТЭТ ҲНИТ шукри  худо бо ихтиёри худ баромадам. Вале ба вазъи сиёсии ҷаҳон аҳволи мусалмонони рӯйи олам нигоҳ карда мехоҳам аз роҳбарони ин ташкилоти мамнӯъ даъват ба амал орам, ки аз фаъолияти ғайриқонунии худ дар хориҷи кишвар, тафриқаву дасиса ва фитнаву табъиз даст кашанд.
Он ҳадафу мақсадҳое, ки мо дар оғоз доштем танҳо ба хотири сарҷамъи ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум буду халос. Дар симои ин ҳизб ман аз дигар ашхоси фирефта нерӯи мусолиматсоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа, халқи шарифи тоҷикро медидем. Аммо сад афсӯс ин ақидаҳои ихтилофангез ва илтиҷоии ин ташкилоти мамнӯъ ва роҳбарони он худро миёни ҷомеа ҳамчун хоин ва зархаридони хориҷӣ муаррифи намуданд. Ман сахт мухолиф бар онам, ки масоили давлатдорӣ ва мушкилоти онро бо бегонагон хоса аҳли ташайеъ баррасӣ намоем.
Такяи ман аввал ба худо ва баъдан Пешвои муаззами миллати худ халқи хирадпешаву фарҳангзамири худ мебошад. Он ҷо ки дасти аҳли ташайеъ (шиа) даррасид бедодиву харобӣ ва шикасти бани ислом дида мешавад.
Имрӯз, ки ҳокимияти сиёсии Эрон бо мақсадҳои ғаразноки раҳнакунии иттиҳоди аҳли суннат ва ҷамоат бархостаат аз шумову шумо барин ашхоси буҳуввият ҳамчун “рифола” истифода мекунад.
Қазоват кунед, ҳокимияте, ки имрӯз халқи он зидди сиёсати он тазоҳурот дорад чӣ ҳақи дахолат ба сиёсати давлати дигарро дорад. Магар имрӯза изтиробу тазоҳуроти халқи заҳматкаши Эрон нишони мавҷудияти сиёсати истибдодиву мустамликадорӣ нест?
Аз худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,
Сахт кори он касе к-аз ӯ худо баргаштааст!
Аз ин хотир аз Шумо бародарони гумроҳшуда даъват ба амал меорам, ки аз тафриқаи ҷудоиандозӣ, парокандагии ваҳдату якдилии миллӣ даст кашида, пайи ислоҳ кӯшед!
Ватанро пойгоҳи задухӯрди мазҳаби гардонда, лаънати халқро бар ҳафт пушту ояндагони бегуноҳи худ нагирем.
Ягона давлат аст, ки Шуморо боз фарзандвор истиқбол мегирад, гумроҳиатонро мебахшад!
Бо инояти худо умед бар он дорем, ки нияту мақсадҳоятон пок гашта, рӯ ба ҷониби қиблаи худ – ВАТАН-МОДАР бармегардед.

Илҳом Беков собиқ роҳбари
бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ