(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мароми мо якдиливу ободии рушди кишвар ба ҳисоб меравад

Терорризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи он мубориза бурда истодааст. Ин раванд мардуми сулҳҷӯю озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад.
Ифротгароӣ ва тероризми  динӣ – мазҳабӣ, ки ащлаб дар кишварҳои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, имрӯз ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо «кӯч» бастааст. Тарҳрезони ҳаракатҳои ифротгаро оқибат ва натиҷаи онро андеша накардаанд. Афрӯхтани оташ нисбати хомӯш кардани он кори осон нест.
Бадбахтӣ он аст, ки мутаасифона имрӯз оташ ба домони бархе аз оташфурӯзон часпидааст. Инак Ғарбу Шарқ, Аврупою Осиё сар бар китфи андешаву тафаккур ниҳодаву мехоҳанд аниқ бисозанд, ки ба ҷуз он як давлати эътирофнашудаи ба ном «Исломӣ» терористони хонасӯз боз миёни бешумори гурезагон набошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланд оид ба дастовардҳо,  музаффариятҳое,  ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, таъкид месозанд ва ҳамзамон нақшаҳои бадхоҳони миллат, ки зидди рушди давлати миллиамон аст, маҳкум менамоянд.
Мусаллам аст, ки хунукназариву бетафовутии ҳукумати Фаронса ва як қатор кишварҳои Ғарб бинобар «нарм» будани қонунҳояшон ба террористону ифротгароён ва ҳама гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ барои фаъолияти озодонаашон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Мо омузгорони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИТ гуфтанием, ки аз хориҷи кишвар истода, ба сӯйи миллати тоҷик сангандозӣ накунад ва туҳматҳои беасосу ноҳақ эҷод насозад. Бо чунин амалҳои нопоки худ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст назананд. Амалҳои нангини собитнамудаи онҳо нобахшиданӣ аст. Мо чунин амалҳои хоинонаи М.Кабирӣ ва пайравони ӯро қатъиян маҳкум менамоем.

Ҷомеаи меҳнатии
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд