(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мароми мо сулҳу субот ва оромию пешрафти кишвар астИзҳороти аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро.
Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайримунсифона таҳрир мекунанд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад.
Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери ниқоби дини мубини ислом рӯйпуш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ — бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад ва олуда намудани он ба сиёсату сиёсатбозӣ дар шароити кунунӣ аслан қобили қабул нест.
Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани 25 солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки оромии кишвар, сулҳу суботи мардумро халалдор созанд ва мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки Тоҷикистон имрӯз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз ҳар гуна қувваҳои бад ҳифз карда метавонанд.
Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд амалҳои ғайриконунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ҷомеаи меҳнатии
маорифи шаҳри Хуҷанд