(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Мактаби сарварони ҷавон»  аз духтарон роҳбар омода менамоядДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  барои омӯзиш дар курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» озмун сурат гирифт, ки  дар он зиёда аз 80 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд.
Минбаъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ба хатмкунандагони курси семоҳа Шаҳодатнома супорад.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки чанде қабл аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 20 нафар хатмкунандагони соҳоти мухталифи курси семоҳаи “Занони роҳбар” Шаҳодатнома тақдим карда шуд ва эшон дар захираи кадрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд