(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили пуршукуҳи Соли нави 2018 дар шаҳри ХуҷандШоми 31-уми декабри соли 2017 дар майдони  «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии пуршуқуҳи солинавӣ баргузор гардид.
Сокинони шаҳри Хуҷандро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ табрику таҳният гуфтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода зимни табрикоти худ, қайд намуд, ки «Мо бо соли 2017-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегўем ва соли нави 2018-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Дар ин лаҳзаҳои идона бо фарорасии соли нави мелодии 2018 ҳамаи сокинони Хуҷандшаҳрро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рўзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам».
Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки «Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2017 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кўшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид».
Раиси шаҳр таъкид намуд, ки «Муваффақтарин дастоварди соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд ин расидани шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 155 адад, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи зиёда аз 812 миллион сомонӣ, зиёда аз 3000 ҷойҳои нави корӣ, баланд шудани музди миёнаи меҳнат ба андозаи 1222 сомонӣ, афзоиши истеҳсоли содиротии корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 303 ва ғайра мебошад. Боиси ифтихор ва саодатмандист дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз барои 2600 нафар хонандагон аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардида, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 47 адад расида, Бахшида ба Соли ҷавонон 13 адад иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дастовардҳои соли бобарори 2017 мебошад».
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми Паёми табрикотии худ гуфт, ки “Бигзор, соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат, пешрафту дастовардҳои навин гардад ва дар қалби ҳар яки Шумо, ҳамшаҳриёни азиз, нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шўълабор бошад ва шоҳроҳи зиндагиатон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад”.
Сипас ба ғолибони озмуни “Барномаи беҳтарини солинавӣ” тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида намуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки аз соати 18:00 то 20:-00 санаи 31 декабри соли 2017 барномаи солинавии назди Арчаи оросташудаи шаҳри Хуҷанд мустақиман тариқи телевизиони вилояти Суғд пахш гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд