(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Мо бо соли 2017-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2018-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо фарорасии соли нави мелодии 2018 ҳамаи сокинони Хуҷандшаҳрро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2017 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кӯшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид.
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода- бахшида бо эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон, ҷашнҳои 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва идомаи роҳҳои обод меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт талош варзиданд.
Муваффақтарин дастоварди соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд ин расидани шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 155 адад, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи зиёда аз 812 миллион сомонӣ, зиёда аз 3000 ҷойҳои нави корӣ, баланд шудани музди миёнаи меҳнат ба андозаи 1222 сомонӣ, афзоиши истеҳсоли содиротии корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 303 ва ғайра мебошад.
Боиси ифтихор ва саодатмандист дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз барои 2600 нафар хонандагон аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардида, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 47 адад расида, Бахшида ба Соли ҷавонон 13 адад иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дастовардҳои соли бобарори 2017 мебошад.
Итминони комил дорем, ки дар соли 2018 таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳанд дод. Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2018-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба нерӯи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгароии худ ҳамаи имконият ва нерӯи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.
Бигзор, соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат, пешрафту дастовардҳои навин гардад ва дар қалби ҳар яки Шумо, ҳамшаҳриёни азиз, нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълабор бошад ва шоҳроҳи зиндагиатон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад.
Соли нави мелодӣ муборак!