(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Комёбии 197 нафар хонандагони синфҳои болоии шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи шаҳрӣ

Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон барои синфҳои 9,10,11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2017-2018 ба охир расид.
Ба ин муносибат дар МТҲУ №5-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид. Раъно Ҳошимзода хонандагони ғолиби даври дуюми Олимпиадаи фанниро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, барои иштироки фаъолонаашон ба даври сеюми Олимпиада бурдбориҳоро таманно намуд.
Сипас, 197 нафар хонандагони синфҳои 9,10,11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ки дар даври дуюми Олимпиадаи фаннӣ комёб шудаанд, бо Диплом ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон 10 хонанандаи беҳтарин тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Сарварони муассисаҳои таҳсилоти умумии муваффақи шаҳр низ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд