(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати собиқадорон аз ҷониби Раиси шаҳрРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар арафаи Соли нави милодӣ бо мақсади аёдат ба манзили собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳхон Тоҳироваи 93 сола, Иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ Қориҷон Ахмедов, маъюби гуруҳи 1 пиразани 94 сола Марҳамат Мирмуҳаммедова, нафақахур Вера Трошенина ва  Аълочии маориф  Наима Муъминова ташриф оварда, маводи озуқавории ниёзи аввал аз қабили орд, равған, гӯшт, биринҷ, нон, тӯҳфаҳои солинавӣ ва ғайраҳо тақдим намуда, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоту таманниётро ба муносибати соли нави 2018 расонд. Аёдати собиқадорон аз ҷониби Раиси шаҳрШаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳхон Тоҳироваи 93 сола, Иштирокчии ҶБВ Қориҷон Ахмедов, маъюби гуруҳи 1 пиразани 94 сола Марҳамат Мирмуҳаммедова, собиқадори меҳнат Вера Трошенина ва  Аълочии маориф  Наима Муъминова аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Давлату Ҳукумат сипосмандӣ намуда, дуои нек ва таманниёти идона намуданд.
Аёдатшудагон шукронаи сулҳу оромӣ ва фаровонии дастархони мардум намуда, умедворӣ намуданд, ки файзу баракоти соли 2018 аз ин ҳам бештар хоҳад гашт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки то имруз дар арафаи соли нави милодии 2018  аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд беш аз 400 нафар ашхоси ниёзманду камбизоат ва ятиму бепарасторон аёдат гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд