(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр рӯзноманигорони ғолиб  ва зиёда аз 100 нафар бонувонро қадршиносӣ намуд

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аъзои фаъоли Шӯрои занони маҳаллаҳо, Шӯрои бибиотунҳо, хатмкардагони курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”, духтарони фаъол ва ғолибони озмуни рӯзноманигорон таҳти унвони «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат», ки беш аз 100 нафар буданд ба ҳузур пазируфт ва натиҷаи заҳмати онҳоро дар соли 2017 мавриди арҷгузорӣ қарор дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки “Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидояти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зан-Модар дар кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи баландро соҳиб аст. Фаъолияти густурдаи занон дар корҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят сол аз сол ба мушоҳида мерасад.

Раиси шаҳр рӯзноманигорони ғолиб  ва зиёда аз 100 нафар бонувонро қадршиносӣ намуд

Зиндагӣ  собит месозад, ки ҳар ҷое, ки занону модарон фаъолият доранд, он ҷой обод буда, меҳру самимият ва муносибати неку инсонгароёна пойдору устувор аст. Нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд”.

Сипас Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти густурдаи занон дар ҷабҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ маърӯза намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, кумитаи маҳаллаҳо, муассисаву корхонаҳо машваратҳои омӯзишӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, масъалаи гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва ҷавондухтарон таҳти унвони «Омилҳои пешгирии низоъҳо байни арӯсу хушдоман дар оила», «Оила бидуни зӯроварӣ», «Ҳаёт бе хушунат зебост», «Мо арзандаи ҳаёти осоишта» ташкил ва гузаронида шуданд. Дар татбиқи баланд бардоштани мақому манзалати зан ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мубориза бар зидди ҳодисаҳои таҳқир ва зӯроварӣ нисбати зан, маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон машваратҳои омӯзишӣ бо ҷавондухтарони донишгоҳҳо бо номи «Мақоми зан дар ҷомеа» доир гардид.
Раъно Ҳошимзода гуфт, ки “Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ҷиҳати омода  намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, аз моҳи октябри соли 2017 курси кадрҳои захиравии шӯъбаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр курси 3-моҳаи “Мактаби  сарварӣ”- ро аз ҳисоби 20  нафар занону духтарони соҳаҳои мухталиф таъсис  дода шуд ва машғулиятҳо дар як ҳафта 1 маротиба сурат гирифта, аз тарафи устодону тахассус-манди донишгоҳҳои олӣ гузаронида шуд. Ба курси номбурда ҷавонони то синни 35- сола ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз нозукиҳои фаъолияти роҳбарӣ бархурдор шуданд”.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ, шомилшавии ҷавонзанҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ, тарбияи насли наврас, одоби либоспӯшии занону духтарон, одоби оиладорӣ ва танзими маъракаҳои хурди занона Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо аз моҳи ноябри соли 2011 таъсис дода шуд. Айни замон ба Шӯрои мазкур 24 нафар бибиотунҳои шаҳр шомил мебошанд. Бо мақсади тақвият додани кори Шӯрои мазкур ҳамбастагӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯҳои мухталиф семинару вохӯриҳо баргузор гардиданд. Боиси хушнудист, ки доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо торафт меафзояд. Онҳо дар ҳама ҳолат байни мардум буда, маслиҳатгар ҳас-танд. Дар машварату маҷлисҳои мақомотҳои давлатӣ ва кумитаи маҳаллаҳо иштирок карда, фикру андешаҳояшонро доир ба рафти маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзанд, танзими анъанаю маросимҳои мардумӣ баён месозанд ва аҳолиро ба созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи нақша – чорабинии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” шӯъбаи кор бо занон ва оила ва дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорони васоити ахбори омма озмуни беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва маводи чопӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” – ро эълон намудааст ва ғолибон муайян карда шуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба рӯзноманигороне, ки дар озмуни зикргардида ғолибият ба даст оварданд, диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Ва ҳамин тавр, дар номиннатсияи «Беҳтарин мақолаи матбуотӣ ва ё сомона” ҷойи аввал Абдусабури Абдуваҳҳоб, ҷойи дуюм Сурайё Ҳакимова ва ҷойи сеюмро Мавзуна Ваҳҳобова ба даст оварданд. Дар номиннатсияи  “Гузориш ва ё лавҳаи телевизионӣ»  Муҳаббат Муродова, мақоми аввал, Сино Ғафурӣ, ҷойи дуюм ва Ҷовид Ниёзӣ зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Дар номиннатсияи “Ролики иҷтимоӣ» Зокирҷон Холов, Мастона Муҳиддилозода ва Мастонаи Мӯъминҷон ҷойҳои 1,2 ва3 ишғол намуданд.
Ҳамзамон 24 нафар бибиотунҳо, 22 нафар Раиси Шӯрои бонувони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, 20 нафар хатмкунандагони курси 3-моҳаи “Мактаби  сарварӣ”, 40 нафар духтарони фаъоли шаҳр бо сипоснома ва тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.
Рӯзноманигорон Абдумаҷиди Бобоҷониён, Абдусабури Абдуваҳҳоб, раиси бибиотунҳои шаҳр Мастура Темурова, раиси шӯрои бонувони маҳаллаи “Ҷаббор Расулов” Мукаррам Азимова ва дигарон аз иқдоми шоистаи Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳр, хоссатан Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода изҳорӣ хушнудӣ намуда, онро василаи боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар соли 2018 муҳим арзёбӣ карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд