(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд фазои идона доштанд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Соли нави мелодӣ аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  як қатор қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр аёдат карда шуданд.
Дар қисми низомии 3501 РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ин мақсад ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Носирхон Акмолов, сардори раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд назди аскарону афсарони қисми низомӣ баромад намуда, аз хизматҳои онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдоварӣ карда, онро намунаи барҷастаи мактаби мардонӣ ба насли ҷавон унвон намуд. Номбурда ҳамзамон  табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳайати қисми низомӣ расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Дар ин лаҳзаҳои идона бо фарорасии соли нави мелодии 2018 ҳамаи шумоён афсарони шуҷоъи Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҳарбии 3501-ро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рўзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам».
Маъруф Муҳаммадзода  гуфт, ки «Амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмўъ таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ буда, аз ҳар яки шумо садоқат ба савганд ва поквиҷдониву маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Зеро бори дигар таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан, ба шаҳри худ ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд. Вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ҳамарўза ҳайати шахсии қисми ҳарбии 3501 баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо якҷоягии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда мешаванд”.
Полковник Насриддин Умарзода, қумондони қисми ҳарбии 3501 миннатдории ҳайати қисми низомиро ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд расонида, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ арзи сипос намуд.
Сипас ба сарбозони қисми ҳарбӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Худи ҳамон рӯз ба аскарон ва афсарони қисми ҳарбӣ дастархони идона густурда шуд ва аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ватандӯстона табъи эшонро болида намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дигар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр боздид ба амал оварда шуда, онҳо айёдат гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд