(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонидВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»-ро ба тасвиб расониданд. Дар ин бора ба аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Созишномаи мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ва вакили мардумӣ Мирзодавлат Сабурзода баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур- ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва муайян намудани миқдори оби нӯшокии интиқолгардида мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои фаъолияти пурраи иншооти партовобтозакунии шаҳр, беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии шаҳраки «Обшорон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъмир ва таҷҳизонидани ташхисгоҳҳои оби нӯшокӣ ва партовоб, инчунин ивази қубурҳои обгузар ва хатҳои партовоб равона карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд