(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Маҳфили нуру зиёи Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Дар толори театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ шаби эҷодӣ ва маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Камоли Хуҷандӣ Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодиашон баргузор гардид.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нишастро оғоз намуда, зикр дошт, ки сиёсати фарҳангиву фардоофаринии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси равнақи ҳамаҷонибаи адабиёт, таъсиси мактабу доираҳои адабӣ ва тамоми имкониятҳои муносибро барои аҳли адаб бунёд ниҳодааст. Шоири халқии Тоҷикистон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ вориси арзандаи устодони бузурги адабиёт маҳсуб меёбанд. Ин суханвар тавонист, ки дар замони камолоти ҳунарии шоирону қаламкашони машҳури давр худро ба унвони нигорандаи тозапардозу тозаэҷод маълум созад. Мо аз он шарафмандем, ки бо ин гавҳари пурқимати шеъру сухан, шоири маъниҳои барҷаста, суханвари мумтоз, адиби соҳибмактаб ва чеҳраи маъруфи адабиёти оламшумули адабиёти тоҷику форс Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамзамон ҳастем.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ Паёми табрикотии Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси вилояти Суғдро ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодиии шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки устод ҳамчун шахси номвар яке аз шахсони маъруфи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар рушди адабиёти муосир нақши бузург доранд. Бо асарҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди худ дар дили ҳазорҳо хонандагону шогирдон ҷо гирифтаанд.
Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодиии шоир муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода расонид, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: “Роҳи тайкардаи устод ибратомӯз буда, даҳҳо асарҳояшон дар мисоли «Дарёи дигар», «Фурӯғи лолаҳои сафед», «Девони мунтахаб», «Атри нигоҳ», «Ҷонам фидои модар», «Аз худ баро, аз худ нарав», «Нафаси ишқ», «Шикастани шикастаҳо» ва «Хаймаи дил»  байни мардум маҳбубият пайдо намудаанд. Устод аз зумраи шахсоне ҳастандд, ки ҳамчун узви фаъоли Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ғояҳои сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумат пайваста кӯшиш ба харҷ дода, борҳо бо ҷоизаҳои гуногуни адабӣ сарфароз гардидаанд. Хизматҳои арзанда ва мондагорашон бо мукофоти давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ордени «Шараф» ва унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст”.
Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон ва даҳҳо ихлосмандони шеъру адабиёт ва шоир Нурмуҳамад Ниёзӣ таманниёти хешро баён доштанд.
Ҳофизон Носир Раҳимов, Ҳасани Камол, Олим Воҳидов, Қутбиддини Раҷабзод, хонандагони мактаби Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо санъати волои хеш табъи ҳозиринро болида намуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Камоли Хуҷандӣ Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо ашъори тозаэҷоди хеш ба маҳфил нуру зиё бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд