(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки 40 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи вилоятӣДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагони синфҳои 5-8 аз рӯи фанҳои дақиқ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт. Дар ин олимпиада 40 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда истодаанд.
Чорабинии тантанавиро, ки ба ин муносибат доир гардид, роҳбари Маркази дарёфт ва рушди боистеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ифтитоҳ бахшида, аз қоидаҳои гузаронидани олимпиада ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки олимпиада ду рӯз идома ёфта, беҳтаринҳо муайян мегарданд. Даври вилоятии олимпиада барои синфҳои 9, 10, 11 дар моҳи январ доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ҳавасмандии хонандагон соли сеюм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд ва Раёсати маорифи вилоят олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5 -8 доир мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд