(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Соли ҷорӣ 43 километри роҳҳои шаҳр мумфарш гардидандМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти корҳои таъмирӣ ва мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳр маҷмуъи корҳоро ба анҷом расонида, давоми 11 моҳи соли равон зиёда аз 43 киломметр роҳҳои таъмирталаби шаҳрро аз таъмири ҷорӣ ва мумфаршкунӣ баровард, ки он аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.
Аз тарафи Корхонаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд корҳои дар фасли зимистон пошидани моддаҳои зиддилағҷиш 74,5 тонна, аз партова тоза намудани ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузари шаҳр-190 м3, баровардани сангҳои калонҳаҷм-39тонна, масоҳати мумфаршкунӣ-27208м2 миқдори асфалтобетони хобонида шуда 2899 тонна ба иҷро расонида шудааст. Дар натиҷа, кӯчаҳои роҳи маҳаллаи 34 аз гардиши Роҳи Абрешим то кӯчаи 30-солагии Ғалаба, сатҳи роҳи кӯчаҳои Энгелс,  Т.Эрйигитов, тангкӯчаҳои Фрунзе, Раззоқ, кӯчаҳои Р.Набиев, А.Раҳимбоев, Б.Бобоева, Камоли Хуҷандӣ роҳи бинои №164, тангкӯчаҳои Р.Ҷалил аз 108/1 то 108/11, Хушбахтӣ, кӯчаҳои Л.Толстой, Роҳат, Чуқурак, А.Умаров, Озодӣ, Дуредгарон, Истиқлол, роҳи бинои 1 дар маҳаллаи 13, бинои 19 дар маҳаллаи 31, бинои 30 дар маҳаллаи 8 аз таъмири мумфаршкунии яклухт баҳраманд гардида, дар хиёбонҳои Р.Набиев, Р.Ҳоҷиев, кӯчаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Шарқ, Камоли Хуҷандӣ, М.Танбӯрӣ, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, М.Исмоилов, А.Аминов ва ғайра таъмири мумфаршкунии ҷорӣ гузаронида шуд. Инчунин, корҳои рехтани девораҳои қади роҳ дар роҳи хиёбони 25-солагии Истиқлолият ба миқдори 514 метр, таъмири онҳо ва маротибаи дуюм рангубор намудани девораҳои қадди роҳҳои маркази шаҳр ва мавзеъҳои протоколӣ ба иҷро расонида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд  дар  мувозинаи худ 164,9 км роҳҳо, 318000 метри тӯлонии роҳрав, 175863 метри тӯлонии ҷуйборҳо, 2 адад кӯпрук, 1 адад корхонаи асфалтбарорӣ дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд