(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баррасии муроҷиати шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи доимӣДар 11 моҳи соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4445 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436 адад кам мебошад.
Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рeзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1196 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 690 нафар кам мебошад.
Гузашта аз ин чанде қабл дар почтаи электронии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо суроғаи Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript роҳандозӣ гардид, ки тариқи он низ мардум муроҷиат намуда истодааст. Шаҳрвандон бештар бо масоили гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигц, гирифтани замин барои сохтмон, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда, таъмир ва сохтмони манзил, гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, фарзандхонӣ ва ғайра муроҷиат менамоянд.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади беҳтар намудани фаъолият дар самти коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар маҷлисҳои машваратии назди роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воrеö ва ҳуrуrö» мунтазам бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машваратҳо гузаронида шуда, оид ба риояи ҳатмии меъёрҳои қонунгузорӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода мешавад.
Бояд қайд намуд, ки шeъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва меъёрҳои дар ин хусус муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунанда, инчунин иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии санадҳои назоратиро кӯшиш ба харҷ дода, барои саривақт ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои ба миён гузошташудаи шаҳрвандон дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи қонун чораҳои саривақтӣ андешида истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд