(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Комиссияи ҳуқуқи кӯдак

Ҷаласаи навбатии комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси комиссия, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода баргузор гардид.
Аъзои комиссия масъалаи марбут ба иваз намудани ному насаби кӯдакони ноболиғ, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, муайян намудани вақт ва тартиби муошират бо фарзандон, баррасии мактуби мақомоти дахлдор марбут ба ноболиғон ва як қатор масъалаҳои дигарро мавриди муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд