(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар ХуҷандСубҳи имрӯз зиёда аз 6000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Парчами миллӣ роҳпаймоӣ намуданд. Ҷавонон бо шиору овезаҳои таҷассумкунандаи шукуҳу шаҳомати ин муқаддасоти давлатӣ ва худи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки беш аз 200 метр дарозӣ дошт, аз маҷмааи «Истиқлол» то ба майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварданд. Рӯҳияи иштирокдорони раҳпаймоӣ самимӣ ва нишотовар буда, ҳар яке бо Парчами миллии кишварамон бо меҳр нигоҳ бо дил муҳаббат меандӯхтанд.
Иштирокчиёни роҳпайморо Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маркази вилоят истиқбол намуданд. Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар ХуҷандНазира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ҳозиринро аз номи Раиси виляти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳният гуфт,ки дар он аз ҷумла омадааст: «Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
“Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи нарасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор  аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои  таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Назира Ғаффорӣ зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад.
Сипас, шоирон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Толиб Карими Озарахш дар васфи Парчами миллӣ шеърҳо қироат намуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки мазмуну моҳияти ватандӯстона буд, табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд