(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи шумоёнро бо санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям.
Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Натиҷаи ҳамин фармон буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Точикистон бо баландии 165 метр парафшон гардид. Дар идомаи ин тадбири муҳими давлатию сиёсӣ дар шаҳри Хуҷанд низ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ёфт, ки дар замири ҳар фарди тоҷик эҳсоси ифтихор аз ватану ватандориро боло мебардорад.
Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».
Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, кишвари мо рӯз аз рӯз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихору рӯҳбаландии тоҷикони дунё мебошад.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.
Бори дигар Шумо, ҳамшаҳриёни азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод мегӯям, бароятон дар роҳи хизматҳои шоиста ба Ватани маҳбуб, ки Тоҷикистон ном аст, барору пешравиву пирӯзиҳо хоҳонам.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрон!