(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд: Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ПрезидентДар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии шаҳрӣ таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Муҳимтарин  дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Роҳбари Давлат дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки халқи тоҷик дар  ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд, пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳар чи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб мешуданд».
Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки «Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори даврони нав дар лаҳзаи сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омада, давлати тоза истиқлоли моро аз вартаи ҳалокат, миллати тоҷикро аз парокандагӣ, нобудшавӣ раҳониданд. Воқеан ҳам яке аз омилҳои асосии маҳбубият, маъруфият, шўҳрат обрў ва нуфузи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардуми тоҷик ва берун аз кишвар, дар байни сиёсат мадорони ҷаҳон хиради бо мардум будан, мардумпарварӣ адолатпарвариашон мебошад».
Мавсуф афзуд, ки «Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошад, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор доданд ва бо хираду ҷасорати беназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллии демок-ратӣ дар анҷумани кишварҳои дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуданд. Татбиқ ва тарвиҷи фарҳанги давлатдории Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои зиндагисози наза-риёти сиёсиашон аст, ки имрўз ҳам дар кишварҳои абар-қудрати ҷаҳон ва ҳам дар мамлакатҳои рў ба тараққӣ, ҳам дар мамлакатҳои исломӣ ва ҳам дар давлатҳое, ки низоми дунявиро ихтиёр кар-даанд, Пешвои миллати моро бо самимияту ихлос ва арҷ-гузорӣ ба матонати қавл ва ҷасорати амал, фарҳанги олии инсонӣ ва сиёсии ў пазироӣ мекунанд. Ин истиқболи ифти-хорангез истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик аст, ки дар масири эҳёи мақоми ҷаҳонии хеш бо эътиқоди комил ба фикри саҳеҳу соиб ва барномаи фарогири Пешвои муаззами худ, ки мағз андар мағз бо ғоя ва ормонҳои саодати миллат сиришта шудаанд, бо шоистагӣ тасмим гирифтаанд. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар чун Пешвои ормонии миллӣ маҳбу-бияти азим ва бесобиқа пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси Пешвои воқеии тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллат эътибори бузурге касб намуд».
Сипас, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, профессор Ваҳҳоб Набиев роҷеъ ба «Заминаҳои таърихии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаридун Ҳодибоев дар мавзуъи «Корномаи Пешвои миллат-ҳидоятгар ва намунаи ибрат ба ҷавонон» маърӯза намуданд. Иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Каромулло Одилов хотираҳои хешро аз лаҳзаҳои тақдирсози таърихи навини тоҷикон нақл намуд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд