(0 овоз, миёна 0 аз 5)

МТИ «Зулфия Баҳриддинова Шоҳҷоиза ба даст овард

Дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова озмуни шаҳрии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” М. Ёқубӣ  ва занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид. Нахуст қабл аз оғоз намудани озмуни мазкур аъзои ҳакамон аз марказҳои таълимии шаҳр дидан намуданд. Доварон ба фаъолияти марказҳои таълимию  истеҳсолии адрасбофӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои беҳтарин дар самти истеҳсоли матоъи дастибоф, тайёр намудани шогирдон, сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф ва ғайра баҳогузорӣ карданд. Ҳамин тавр, аз рӯи ҷамъбасти озмун, беҳтаринҳо муайян гардиданд ва Шоҳзоиза насиби Маркази таълимӣ – истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова гардид. Аз рӯи бахши “Маркази таълимӣ – истеҳсолие, ки аз дар самти истеҳсоли матои дастибоф пешсафанд”: ҷойи аввал – Мавҷуда Қосимова, ҷойи дуюм – Мушарраф Турсунова ва ҷойи сеюм Мавҷуда Турсунова муайян шуданд. Аз рӯи бахши “МТИ хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудаанд” ҷойи аввалро – Фотима Маллаева, ҷойи дуюмро Махзуна Наманова ва мақоми сеюм Лутфӣ Файзиева ба даст оварданд. Муассисаҳои “Маркази таълимӣ – истеҳсолии калонсолони шаҳр”, гимназияи №4 ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар самти миқдорон зиёд омода намудани шогирдон ғолиб шуданд. Номиннатсияи “Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мутаносибан Мавҷуда Ҳакимова, Зулола Муталибзода ва Муқаддам Қобилова Муқаддам соҳиб гардиданд.
Ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода мукофотонида шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Маркази таълимию  истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонанишин, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ташкил ва гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд