(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ғолибияти мактаби варзишии №1 дар Чемпионати ХуҷандБо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар толори «Қасри варзиш» ба Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ до бахшида  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳр зимни баромади худ қайд кард, ки «Боиси сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш махсусан дар Соли ҷавонон басо равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони гуногунсинни шаҳри Хуҷанд бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд. Ғолибияти мактаби варзишии №1 дар Чемпионати Хуҷанд Дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодиро низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмӯъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки “Баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр сохтмону эҳёи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкорон даҳҳо майдон-чаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иштироки варзишгарон дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрӯву эътибори кишварро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро афзун менамояд”.
Маъруф Муҳаммадзода бобати дастгирӣ ва ҳавасманд намудани варзишгарон қайд кард, ки “Соли равон бори нахуст стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд барои 20 нафар варзишгари беҳтарин, ки дар соли 2016 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардиданд, супорида шуд. Имрӯз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст. Ман бар он гумонам, ки варзишгарони дастболошуда, бо талошу машқҳо ва ғалабаҳо дар тадбирҳои варзишии сатҳи баланд, барои иштирок дар Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат мегиранд ва ҷумҳурии моро дар чунин як чорабинии байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд”.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода суханронӣ намуданд.
Каратечиёни шаҳр бо машқи намоишӣ ҳунари хеш табъи ҳозиринро болида намуданд.
Сипас, тибқи муқарророти мусобиқа байни беш аз 200 варзишгарони хуҷандӣ аз  рӯйи синну сол рақобат сурат гирифт. Ҳамин тавр дар гуруҳи даставӣ байни синну соли аз 12-13 сола ғолибият насиби каратечиёни гимназияи №4 ва шарафи пирӯзии рақобати синну соли 16-17 сола ва аз 18 сола болоро дастпарварони мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд ба даст оваранд. Каратечиёни мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд ҳамчунин дар намуди машқи намоишӣ низ беҳтарин дониста шуданд. Байни каратечиёни навраси синну соли мухталиф низ ҷойҳои 1, 2, 3, 4 маълум шуданд.
Ба ғолибон Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд