(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамоиши ҷавонони фаъоли шаҳри ХуҷандДар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ғолибони олимпиадаҳо ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Дар мулоқот масъулин доир ба аҳамияти таърихии 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон», барномаҳои махсуси давлатӣ барои ҷавонон  ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҳамоиш мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Ғайрат Бобоҷонов, гирандагони стипендияи Президентӣ Фарзона Султонова ва Амонбой Амонов доир ба дастовардҳои ҷавонони замони Истиқлолият ва дастгириҳои доимии давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон андешаронӣ намуданд.
Дар охири мулоқот ба ҷавонони фаъоли шаҳр, ки дар чорабиниҳои сиёсиву фархангӣ фаъолона саҳми худро гузоштаанд бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд