(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чемпионати Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент

Санаҳои 11-12 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ до баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 200 варзишгарони хуҷандӣ аз  рӯйи синну сол ва вазн байни ҳам ба рақобат мебароянд. Ғолибон бо Ҷоми Чемпионат, диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд