(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи милитсияМуҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватан – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, кулли собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ ва барори кор таманно дорам.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмуъ, таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи муқаддасу ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ буда, аз ҳар яки шумо садоқат ба савганд ва поквиҷдониву маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Зеро бори дигар таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан, ба шаҳри худ ва давлату миллат, пок-виҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъ-улиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерeи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Ид муборак, ҳомиёни Ватан!