(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Беҳтарин «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ»-и шаҳри Хуҷанд муайян мешавадДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, тарғиби сару либос аз матои  табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ ва ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расидааст. Озмуни мазкур бо фарогирии тамоми Марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофии минтақаҳои шаҳр моҳи ноябр дар ду давра гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки озмун  аз рӯйи бахшҳои беҳтарин маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ, маркази таълимию истеҳсолие, ки бештар матоъи дастибоф истеҳсол намудааст,  маркази таълимию истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст, маркази таълимию истеҳсолие, ки аз шогирди зиёд омода намудааст, сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф ҳар кадоме бо се ҷойӣ ифтихорӣ натиҷагирӣ карда мешаванд. Иштирокчиён бояд намунаи матоъи беҳтарине, ки дар давраи якуми озмун бофтаанд ба даври дуюм пешниҳод намоянд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки яке аз шарту талаботи асосии атласу адрасҳои ба озмун пешниҳодшуда,  бояд он дастӣ истеҳсол шуда, аз маҳсулоти табии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда шавад ва услуби хосу тахайюлоти муаллифро инъикос намояд. Ҳамчунин хусусиятҳои нотакрори тамаддуни ориёиро соҳиб буда, дар он санъати миллииқадимаи тоҷик оқилона истифода гардила, нусхаи миллӣ ва обуранги тобишаш гуногун бошад.
Ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мукофотонида мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд