(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шавкат Шаропов: «Симои шаҳр ба куллӣ дигар шудааст»«Ҳар рӯзи шаҳр хусусан рӯзҳои охир ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Ин ба шаҳрвандон рӯҳу илҳоми тоза ва дилгармии хос ба зиндагиашон мебахшад»-мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов.
Профессор Шавкат Шаропов меафзояд, ки саҳму нақши сокинони шаҳр дар ободоии маҳалли зисташон чизи бисёр муҳим ва асосӣ аст. Мо бояд бетарафӣ накарда, барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрамон аз хурду бузург сар карда, саҳмгузорӣ намоем. Дар вуҷуди сокинон меҳри шаҳрдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳнатқадршиносӣ, маърифати шаҳрдорӣ ва ғайраҳоро тарбия намоем. Ва он гоҳ шаҳрамон ба «Тирози ҷаҳон»-и ҳақиқӣ мубаддал мегардад.
Воқеан ҳам бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тайи як моҳ аст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пешоруйи ҷашнҳои бузурги миллат 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби шаҳрвандон корҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр силсилакорҳо анҷом ёфта истодааст. Таровати дигар пайдо намудани хиёбони Исмоили Сомонӣ бо овезаҳои тарғиби худшиносӣ ва обод гардидани шоҳроҳи Истиқлол бо чароғпояҳои муосиру мумфаршкунии роҳҳо исботи гуфтаҳои болоист.
Танҳо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳафтаи сипаришуда дар ободонии шаҳр беш аз 30 000 нафар шаҳрвандон ҷалб гардида, зиёда аз 400 дона гулҳо шинонида шуд ва майдонҳои зиёд кабудизоркунӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд