(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Сипари сулҳ» ватандӯстонро сарҷамъ менамоядСубҳи дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии "Сипари сулҳ" дар майдони "Шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945" маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт. Сипас дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба барқароркунандагони сохти конститутсионии мамлакат медали "Сипари сулҳ" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар ҷамъомад аз тарафи роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии "Сипари сулҳ" даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои ҷамъият дар чорабиниҳои сиёсии шаҳри Хуҷанд, махсусан сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  фаъолнокӣ зоҳир намуда, дар тинати ҷавонон худшиносии миллиро бедор карда, ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд. Ҳамзамон бо мақсади арҷ гузоштан ба нафароне, ки дар пойдории сохти конститутсионии кишвар ҷоннисорӣ намудааст дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии "Сипари сулҳ" оилаи шаҳидони барқароркунандагони сохти Конститутсионии кишвар аёдат карда шуда, ба эшон маводи озуқа дастрас гардид

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд.