(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Конститутсия-чароғи роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконИмрӯз дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва аҳли зиёи шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба рӯйдоди нодири таърихи миллат- баргузории иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди мустаҳкам дорад, зеро масъалаи қабули ин ҳуҷҷати раҳнамои миллат маҳз дар ин иҷлосия таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда, барои омода намудани матни конститутсия аз ҳисоби донишмандону ҳуқуқшиносон ва коршиносони сиёсӣ ҳайати корӣ ташкил гардид. Конститутсия-чароғи роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ буд, ки дар фосилаи ду сол як матни ҷавобгӯ ба меёърҳои ҷомеаи шаҳрвандии башарӣ омода гардида, аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баландро сазовор гардид.
Раиси шаҳр зикр дошт, ки Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари мардуми мо таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад.
Конститутсия-чароғи роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконБа таъбири Маъруф Муҳаммадзода яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меёрҳои он ва маҷмӯи қонунгузорӣ мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он ба шумор меравад.Барои ноил шудан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарураст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ворид гардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 43 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Меъёри муқаррарнамудаи Конститутсия ҳифзи Ватанро вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст. Ҳифзи Ватан ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарвати табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихиро дар назар дорад. Он ба хотири рушди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ободонии кишвар, ҳаёти хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва оянда амалӣ карда мешавад. Конститутсия-чароғи роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконИтминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шумо, ҳамшаҳриёни азиз, бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории фарзандон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор гардида, дар ҷодаи партавафшонӣ ва шукӯҳи бузурги парчами Тоҷикистон талошҳои шоёне аз худ нишон хоҳед дод.
Сипас бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик Ҳасани Камол, Тӯлқин Тоҷибоев, Исроил Файзиддинов, Саидқодир Ёқубов, Аъзам Болтубоев, Ғуломҷон Мирдадоев, Фатҳиддин Юсуфӣ, Искандар Файзиддинов, Низомҷон Азимов, Фарангиси Дунё ва дигарон барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ манзур гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд