(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иҷлосияи тақдирсоз миллатро аз нобудӣ эмин дошт

Дар толори бинои КВД «Хуҷандобуканал» маҷлиси тантанавӣ ба истиқболи 23 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Абдуносир Қодиров чорабиниро ифтитоҳ намуда, нақши Конститутсияро дар эъмори давлатдории миллӣ ва рушди қонунгузории кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Сипас, Олимҷон Ҳасанов, вакили Иҷлосияи таърихии 16-ум баромад намуда, зикр кард, ки «Конститутсия аз тарафи халқ қабул шуд ва имрӯз дар қатори даҳгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст». Мавсуф доир ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои навадуми асри гузашта андешаронӣ намуда, афзуд, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсоз миллати моро аз нав зинда кард, кишварамон ором шуд. Бесурусомониҳое, ки 5 майи соли 1992 оғоз гардида буд, анҷом ёфт. Дар он замон ягона мақомоти боэътимод Шӯрои олии мамлакат буд, дигар сохторҳо фалаҷ гардида буданд. Барои баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши вакилон хеле бузург буда, маҳз эшон ба қавле «аз як гиребон сар бароварда» барои оромиву амнияти кишвар талош карданд.
Ғаффорхон Муҳиддинов, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вазири саноати кишвар роҷеъ ба вазъи иқтисодии солҳои аввали Истиқлолият маълумот дода, қайд кард, ки Роҳбарияти вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тирагии вазъи сиёсӣ баҳри рушди иқтисодии кишвар хосса бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои кори доимӣ тадбирҳои мушаххас меандешид. Ва хушбахтона имрӯз мо ба осоиштагии комил расидем ва барои ободии Ватани азизамон заҳмат кашида истодаем.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ аз рушду тараққиёти рӯзафзуни кишвар тавсиф намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки толеъи баланди мардуми тоҷик буд, ки вакилони сарсупурдаи миллат ояндаи тақдири Давлату Ҳукуматро дурбинона  баррасӣ намуда, роҳбари одилу тавоно ва закиро барои худ муайян сохт. Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсоз миллатро аз нобудӣ эмин дошт ва роҳи нуру сафоро дар ояндаи умедбахш муайян сохт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд