(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Даҳ хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонДар яке аз қисмҳои ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд дар шаҳри Хуҷанд доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навин мулоқот баргузор гардид.
Суннатулло Латифов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуъи «Даҳ хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи илмӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Қонуни асосии давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷик мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда, шакл, моҳият, ҳадаф ва вазифаҳо муайян карда шудаанд. Ин санади олӣ манфиатҳои мардуми бошарафи Тоҷикистонро таҷассум намуда, аз Конститутсияҳои қаблӣ тавафоти куллӣ дорад. Маърӯзагузор зимни баромади худ доир ба 10 хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Сипас, Камол Ҳамдамов муовини комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ барои ташкилу гузаронидани чунин машғулияти сиёсӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд арзи миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд