(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот дар қисми низомӣДар қисми низомии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Конститутсия мулоқот баргузор гардид.
Устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Каёнуш Калонов доир ба таърихи қабули Конститутсия ва нақши он дар ҷомеаи демократӣ маърӯза намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд». Мавсуф афзуд, ки «Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташак­кули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқ­лолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт».
Дар ҷараёни мулоқот мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Маҳмадалиев иштирок ва суханронӣ намуд.
Роҳбарияти қисми низомии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани чунин мулоқотро амалӣ саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки он барои баланд гардидани дониш сиёсии сарбозон мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд