(1 голос, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Танзим-баракати зиндагӣ

Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат нигаронида шудааст. Ҳамзамон ин тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз тарафи сокинони кишвар низ ба хушнудӣ истиқбол гардид. Бо назардошти татбиқи ин қонун нақшаи чорабиниҳои муштарак бо баргузор гардидани силсилавохӯриҳои кормандони дастгоҳи прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд  вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, тағйиру иловаҳои ба қонунҳои мазкур аз 28.08.2017 воридкардашуда роҳандозӣ шуда истодаанд.
Аз ҷумлаи чунон вохуриҳо дар факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ, физика – техника, математика, биология – химия, санъати тасвирӣ ва технология ва телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 З. Қаюмзода, прокуророни калони ҳамин шуъба, мушовири адлияи дараҷаи 2 Д.Ҷӯраева ва мушовири адлияи дараҷаи 3 Х. Худоёрзода  баргузор гардид.
Маърӯзачиён қонунҳоро шарҳу возеҳ дода, моҳияти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои болозикрро фаҳмониданд. Пас аз суханрониҳо иштирокчиёни вохӯриҳо ба саволу ҷавоб даъват карда шуда, онҳо ба саволҳои нофаҳмои худ оид ба теъдоду меъёри муайяншудаи “хатнасур”, “домодталабон”, ҷашни “зодрӯз”, ки дар иҳотаи оила сурат мегирад, риояи қонунҳо оид ба “Тӯйи арӯсию домодӣ”, манъи бо воситаҳои техникӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва чораҷӯӣ нисбати қонунвайронкунандагон ҷавобҳои қонеъшаванда гирифтанд.
Дар вохӯриҳо устодону донишҷӯён сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як шавқу завқи хоса ҷонибдорӣ намуда, минбаъд риояи талаботҳои ба қонун воридгардидаро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.
Чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тарбиявию маърифатӣ  сурат гирифта, тибқи нақша идома ёфта истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд