(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҳкими робита бо шаҳрвандон вусъат меёбад

Бо иқдоми Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ободу зебо намудани шаҳри азизамон ва таҳкими робитаи мардум бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти бавуҷудомада почтаи электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript фаъол гардид.
Минбаъд шаҳрвандон метавонанд доир ба камбудию ноқисиҳое, ки дар ин ё он гӯшаи шаҳр ба чашмашон меафтад, тариқи почтаи номбурда ирсол намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд доир ба пешрафту рушди шаҳри бостонии Хуҷанд фикру андешаҳои хешро манзур кунанд.
Ифшо накардани ному насаби муаллифон кафолат дода мешавад.
Ҳар маводи дастрасгардида, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастрас ва аз ҷониби масъулин чораандешӣ карда мешавад. Ободии шаҳру Ватанамон дар дасти худамон!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд