(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода сурат гирифт.
Дар ҷаласаи комиссияи ҳуқуқи кӯдак шаҳрвандон роҷеъ ба масоили  иваз намудани ному насаби ноболиғон, ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакон, супоридани фарзанди ноболиғ ба хонаи кӯдакони шаҳр ва ғайраҳо муроҷиат намуданд. Ҳамзамон, аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мактубҳои дахлдори Хонаи кӯдакони шаҳр ва дигар мақомоти марбутаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар давоми соли ҷорӣ ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 210 адад аризаҳои хаттӣ ва 61 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва 324 адад мактубҳо аз мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо ворид гардидааст. Дар ин давра барои намояндагӣ дар мақомоти судӣ вобаста ба ҳимоя ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ноболиғ, тибқи ваколатномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар 53 мурофиаҳои судӣ оид ба муайян намудани вақти муошират ва ҷои зисти фарзандон, ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдаки ноболиғ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва инчунин ғайри қобили амал эътироф намудан иштирок карда шуда, дар ҳамаи онҳо хулосаҳои дахлдор дода шуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон ҳимоя карда шуд. Дар маҷмӯъ дар ин муддат дар 30 мурофиаҳои судӣ оид ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон иштирок карда шуд, ки аз ин шумора 13 нафар аз хонаи кӯдакони шаҳр ба фарзандхондӣ қабул карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд