(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шанбегӣ: 30 тонна партов аз шаҳр бароварда шуд

Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 50 адад корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бо фарогирии беш аз 26 000 нафар барои ободониву тоза намудани гирду атрофи биноҳои худ ва кӯчаҳои асосии шаҳр баромаданд.
Ҳамин тавр, шахрвандон ба воситаи ҳашар 60 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, беш аз 400 дона гул шинонида, якчанд майдонҳоро кабудизор намуданд.
Ҳамзамон ба масоҳати зиёд роҳрав ва ҷӯйборҳои кӯчаю маҳалла тоза карданд ва дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 30 тонна партов аз шаҳр бароварда шуд.
Ҳашарчиён тани 65 бех дарахтҳоро сафед намуда, масоҳати зиёди майдони заминҳои ҳудуди корхонаро аз алафҳои бегонааш тоза намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки  ҳамарӯза аз тарафи 185 нафар кормнадони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» беш аз 500 метри мукааб партов бо 27 адад нақлиёти партовкашонӣ аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд берун бурда мешавад. Қобили қайд аст, ки имрӯз фақат дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин зиёда аз 180 нуқтаи партовҷамъкунӣ бо фарогирии 1300 қуттиҳои партовпартоӣ амал мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд