(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дориюшу Парвина шоҳмотбозони беҳтарин муайян шуданд

Имрӯз тибқи нақшаи якчояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №5-и шаҳр мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои маркази вилояти Суғд бахшида ба соли эълон шудани 2017 – Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур аз 35 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо 22 нафар духтарон ва 34 нафар писарон иштирок намуданд. Дар натиҷа байни писарон ҷои аввал насиби Дориюш Усмонов хонандаи гимназияи ба номи Гёте, ҷои дуюм Соҳил Мансуров хонандаи МТМУ №16 ва ҷои сеюм Эзос Абдувоҳидов талабаи МТМУ № 26 шуд. Аз байни духтарон ҷои якумро Парвина Каримова хонандаи МТМУ №16, мақоми дуюмро Мунира Валаматзода хонандаи гимназияи №1 ва ҷои сеюмро Замира Алиева толибаи мактаби Гулчини маърифат ишғол намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа аз тарафи ташкилкунандагон ба ғолибон Ҷом, диплом ва медал супорида шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқот тарғибу ташвиқи бозии шоҳмот байни хонандагон, ташаккули фикронии муҳассилин, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд