(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамоядДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти нахустини курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид.
Ба омӯзандагони курси мазкур сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоиён, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ва фаъолзани аъзои шӯрои шӯъбаи кор бо занон ва оила Ҳамроҳ Атаева ва Мукаррама Негматова дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ ва ғайраҳо маърӯза намуданд. Масъулини чорабинӣ зикр намуданд, ки шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки дар навбати аввал ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”- ро бо фарогирии 20 нафар ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ намуда, баъди хатм ба онҳо “Гувоҳнома” тақдим намоянд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.
Дар ин замина барномаи шаҳрӣ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар асоси он фаъолият дорад. Алҳол нисфи зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазор дусад нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди корҳо саҳм мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд