(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Гулбаҳор» Ҷоми баскетболро гирифт

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади тарғибу ташвиқи намуди варзиши баскетбол байни омма, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, муайян ва интихоби дастаи варзишгарони беҳтарин аз санаҳои 10 то 17 октябри соли 2017 дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни маҳаллаҳо бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иштирок намуда ва дар натиҷа ҷои якум насиби дастаи «Гулбаҳор», ҷои дуюм дастаи «Чорчароғ» ва ҷои сеюм  дастаи «Истаравшан» гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа аз тарафи мудири бахш кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов Ҷом, диплом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд