(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам

Бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд байни хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам” эълон менамояд. Озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда, ғолибон бо пешниҳоди директори муассиса ба даври дуюм-озмуни шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
Тавре, ки дастандаркорони озмун иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод, ғанӣ гардонидани сатҳи маърифатнокӣ ва забондонии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва зеҳнии ҷавонон ва таҳким бахшидани тарбияи ватандӯстию ахлоқии ҷавонон буда он бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» сурат мегирад. Озмун санаи 10 ноябри соли 2017 натиҷагирӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд