(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ярмарка: маҳсулоти арзони деҳқонон ба сокинони шаҳри Хуҷанд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Меҳргон санаҳои 12-15 октябри соли 2017, соати 07-00 дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. Тавре масъулин иттилоъ доданд дар ярмарка тамоми анвои маҳсулоти кишоварзӣ аз навоҳии вилояти Суғд бо нархи арзон манзури харидорон карда мешавад.
Марҳамат ба ярмарка!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд