(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нақши олимони соҳаи технология дар рушди забони тоҷикӣДар чаҳорчӯбаи нақшаи чорабиниҳои Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Гулноз, шоираи ширинкалом Дилором ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҷомеашиносӣ Зафар Раҳмонов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки “Забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷикон буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон қарор дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад”. Ин нукта ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки забони тоҷикиро ба хубӣ донад ва озодона ба он такя намудаву фаъолият барад”.
Сипас, устоди донишкада Шафоат Файзиева  ҳозиринро бо мӯҳтавои китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” ошно намуд.
Шоираҳо Гулноз ва Дилором дар бораи қадри сухан ва рисолати забон дар ҷомеа сухан ронда, таъкид доштанд, ки дар қатори чор унсури  неъмати табиат – об, хок, офтоб ва оташ забон низ дар зиндагии ҳаррӯзаи мо ҷойгоҳи худро дорад. Зеро бо забон муошират мекунем ва зиндагии хешро пеш мебарем. Хуб аст, ки дар мақоми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзалати забон арҷ гузошта мешавад.
Ба ғолибони озмуни “Ҳафтаи забони тоҷикӣ”, ки аз бахшҳои “Хониши ифоданок”, “Донишҷӯи босаводтарин” ва “Байтбарак” аз ҷониби Раёсати донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати адабиву фарҳангӣ донишҷӯён дар васфи Ватан ва забон шеъру суруд хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки устодони кафедраи барномасозии донишкада таҳти роҳнамоии академик Зафар Усмонов барномаи таҳриргари матни тоҷикӣ, луғати электронии сезабонаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, тарҷумонҳои компютерӣ ва тафтишоти орофографии электрониро дар амал ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин бо заҳмати ин олимон ҳуруфоти тоҷикӣ дар забони “MICROSOFT.WINDOWS” роҳандозӣ карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд