(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибияти Хуҷанд дар озмуни минтақавии «Сапеда»Дирӯз дар даври минтақавии фестивал-озмуни вилоятии «Сапеда», ки дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд аз рӯйи 5 намуд мақоми аввалро ба даст оварданд.
Ин даври минтақавии озмун байни хонандагони 6 шаҳру ноҳияҳои  вилоят аз ҷумла Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд аз рӯйи 8 равия сурат гирифт ва мактаббачагони шаҳри Хуҷанд дар жанрҳои овозхонӣ, наттоқӣ, хореография, ихтироъкорӣ, рассомӣ комёб шуда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Қарор аст, ки даври вилоятии озмун санаи 12 октябр дар шаҳри Бӯстон сурат мегирад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни вилоятии «Сапеда» тибқи қарори Раиси вилояти Суғд сурат гирифта, дар даври аввали он 283 хонандагони шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд