(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат Дар гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мулоқот дар мавзӯи "Забон - омили хастии миллат" баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро роҳбари клуби волонтёрони раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Шодмон Нурматов оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки: «Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид. Сипас, аз тарафи намояндагони клуби волонтёрон оид ба Рӯзи забони давлатӣ, маълумот дар бораи таьрих ва марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ, гуфтору шеърҳо аз ашъори шоирону нависандагон дар васфи забон қироат карда шуданд.
Зикр гардид, ки вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд